Медоли намояндаи "Jujitsu"-и Эрон дар пайкорҳои ҷавонони ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106656
Узви тими Jujitsu (ҷуҷитсу)-и Эрон дар мусобиқаҳои ҷавонони ҷаҳон, медоли брунз гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 26, 2023 18:39 Asia/Dushanbe
  • Медоли намояндаи

Узви тими Jujitsu (ҷуҷитсу)-и Эрон дар мусобиқаҳои ҷавонони ҷаҳон, медоли брунз гирифт.

Собиқоти ҷуҷитсуи қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон, дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

"Ҷуҷитсу", танҳо риштаи таҳти пӯшиши Федерасиюни анҷуманҳои варзишӣ аст, ки дар бозиҳои осиёии Ханчжоуи ҳузур дорад.

Ба гузориши ИРНА, Ашкони Муродӣ, намояндаи Эрон дар вазни ба изофаи 94 килограм бахши ҷуҷитсуи бразилиёӣ радаи синии зери 21 сол , дар даври аввал бо қуръаи истироҳат рӯбарӯ шуд ва дар даври дувуми намояндаи Қазоқистонро шикаст дод.

Муродӣ дар марҳалаи сеюм ба ҳарифе аз Корея бохт ва ба дидори радабандӣ рафт, ки дар ин марҳала бо мағлӯб кардани Исломов дигар ширкаткунандаи Қазоқистон, медоли брунз гирифт.

Намояндагони Русия ва Кореяи Ҷанубӣ, ба тартиб медолҳои тилло ва нуқраи ин вазнро бадаст овараданд.