Алиризо Ҳақиқиён сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон шуд
(last modified Sun, 27 Aug 2023 06:00:27 GMT )
Август 27, 2023 11:00 Asia/Dushanbe
  • Алиризо Ҳақиқиён сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон шуд
    Алиризо Ҳақиқиён сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон шуд

Алиризо Ҳақиқиён сафири нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон имруз ва дар остонаи азимат ба маҳали маъмурият бо вазири умури хориҷа дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Алиризо Ҳақиқиён сафири нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон асри рузи шанбе 26 август ва дар остонаи азимат ба маҳали маъмурият бо Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷа дидор ва гузориш аз охирин иқдомот ва вазъияти бахши маъмурияти худ ироа кард.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён дар ин дидор равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистонро ба унвони ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳоизи аҳамият хонд ва бар зарурияти рушд ва таҳкими беш аз пеши муносибот дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон таъкид кард.

Алиризо Ҳақиқиён пеш аз ин дар симатҳои сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишварҳои Арманистон ва Покистон ва дастёри вазири умури хориҷа ва мудири кулли Авруосиёи Вазорати умури хориҷа хидмат карда аст.

Ҳақиқиён ҷойгузини Муҳаммадтақии Собирӣ шуда аст.