Август 27, 2023 11:21 Asia/Dushanbe
  • Ройзании сафири Эрон дар Тоҷикистон бо раиси парлумони ин кишвар дар мавриди рушди равобити дуҷониаба
    Ройзании сафири Эрон дар Тоҷикистон бо раиси парлумони ин кишвар дар мавриди рушди равобити дуҷониаба

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси парлумони ин кишвар дидор кард ва тарафайн дар мавриди рушди равобити дуҷониба ройзани карданд.

Дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон бо Муҳаммадтоҳири Зокирзода раиси маҷлиси намояндагони ин кишвар охирин вазъит ва чашмандози ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар дидори Собирӣ бо раими маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки ба муносибати поёни маъмурияти дипломотики Собирӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд дар хусуси охирин вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои байнипарлумонии Эрон ва Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Зокирзода дар ин дидор зимни ишора ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байнипарлумони бар алоқаманди ва таваҷҷуҳи Тоҷикистон нисбат ба таҳким ва густариши бештари равобит дар ин замина бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Раиси маҷлиси намояндангони Тоҷикистон маъмурияти сафири Ҷумҳурии Ислмоии Эрон дар кишварашро мувафақ ва таърихи тавсиф ва барои вай дар анҷоми фаъолиятҳои оянда орузи комёби кард.

Сафири Эрон низ аз ҳимоятҳо ва ҳамокриҳои муассири мақомоти Тоҷикистон ва аз ҷумла парлумони ин кишвар дар анҷоми маъмурияти худ дар ҷиҳати тақвияти равобити дустона байни ду кишвари дусту бародар ташакур кард.

Барчасп