Август 27, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои Волеболи Осиё
    Ноибқаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои Волеболи Осиё

Тими миллии волеболи Эрон ба унвони ноибқаҳрамони бистудувумин даври мусобиқоти волеболи Осиё даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тими миллии Эрон дар дидори ниҳои мусобиқоти волеболи Осиё дар Урумия бо қабули шикасти 3 бар сифр баробари Ҷопон бар сакуи дувуми истод.

Ҷопон бо ин пирузи интиқоми шикасти 2 соли пеш дар ин кишвар баробари Эрон дар бистуякумин даври мусобиқоти волеболи қаҳрамонии Осиёро гирифт.

Дар дидори радабандии ин мусобиқот низ тими миллии волеболи Қатар тими Чинро шикаст дод ва унвони севуми мусобиқотро ба даст оврард.

Барчасп