Август 27, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти Эрон ба кишварҳои ғарби Осиё

Мудири кулли ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, содирот ба кишварҳои ҳавзаи ғарби Осиё дар чаҳор моҳи нахусти имсол (1401 шамсӣ) нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиш доштааст.

Фарзоди Пилтан, мудири кулли ғарби Осиёи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар мавриди вазъияти содироти Эрон ба кишварҳои ҳавзаи ғарби Осиё дар чаҳор моҳаи нахусти соли 1402 шамсӣ гуфт, кишварҳои ҳавзаи ғарби Осиё шомили кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, Сурия, Лубнон, Урдун ва Туркия мешавад, ки бар асоси оморҳои мунташир шуда тавассути гумруки Эрон, дар чаҳор моҳи нахусти соли 1402 содироти Эрон ба ин кишварҳо ҳудӯди 20 миллиону 850 ҳазор тон ба арзиши ҳафт миллиарду 230 миллион доллар будааст.

Вай афзуд, ба ин тартиб содирот ба кишварҳои ҳавзаи ғарби Осиё нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта аз назари арзишӣ ҳудӯди се миллиондоллар ва аз назари вазнӣ наздик ба се миллиону 800 ҳазор тон афзоиш нишон медиҳад.

Пилтан идома дод, аз назари саҳм дар мизони содироти кишвар низ саҳми содироти Эрон ба ин кишварҳо ҳудӯди 45.4 дарсад аз маҷмӯи содироти кишвар ба ҷаҳон буда, ки бо афзоиши ҳудӯди 4.4 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли 1401 шамсӣ ҳамроҳ будааст.

Фарзоди Пилтан тасреҳ кард, аз ин кишварҳо Ироқ, Туркия ва Иморот баъд аз Чин ба тартиби мақосиди дуввуми ило чаҳоруми содиротии кишвар тайи ин муддат будаанд.

 

Барчасп