Август 28, 2023 11:26 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳи мусалаҳ: Душманон дар авҷи дармондагӣ ҳастанд
    Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳи мусалаҳ: Душманон дар авҷи дармондагӣ ҳастанд

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард: Душманон бо вуҷӯди ин, ки таҷҳизоти зиёди доранд аммо дар авҷи дармондагӣ ҳастанд.

Ба гузориши Садои Хуросон,"Сартип Муҳаммадризо Ошноӣ" гуфт: Душманон бовуҷҷӯди ин, ки таҷҳизоти зиёде доранд аммо дар авҷи дармондагӣ ҳастанд дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия ва дар бахшҳои дигар, ки бо нерӯҳои эронӣ мувоҷҷеҳ шуданд нақшаҳои онҳо  ба шикаст анҷомид.

Вазири дифоъ ва пуштипонии нерӯҳои мусалаҳ,бо баёни ин, ки нерӯҳои мусалаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дорои иқтидор ҳастанд ва шаҳомат ва шуҷоъати лозимро барои  истифода аз таҷҳизотро дорад, афзӯд: Дар авҷи қудрат ва иқтидор қарор дорем ва ба ҳамин далел аст, ки душманон фикри ин, ки бихоҳанд ҳаракати бехирадонае дошта бошадро аз сараш берӯн мекунад.

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯи мусалаҳи бо таъкид бар тавлиди анвоъи мушаки муносиб бо ниёзи нерӯҳои мусалаҳ, ҳамчунин гуфт: Анвоъи мушакҳои мухталифро тавлид мекунем, мушакҳои болестики ва роҳбурдие, ки тавони хеле боло ва бурди баланди доранд, мушакҳои Куруз ва падофанди ҳавоӣ, замин поя, дарё поя ва дигар маворидро дорем, ки инҳо мутаносиб бо анвоъи ниёзи нерӯҳои мусалаҳ тавлид мешавад.