Арбаъини ҳусейнӣ намоиши иқтидори ислом
Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон Арбаъини ҳусейниро як размоиши маънавӣ, диданӣ ва мазҳаби ва намоиши иқтидори ислом унвон кард.
Ба гузориши ИРНА, генерал Муҳаммади Боқирӣ раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар қароргоҳи Арбаъин зимни қадрдони аз фаъолиятҳои муҷоҳидонаи неруҳои интизомии кишвар бо баёни ин ки масъалаи Арбаъин ва ин размоиши маънави, дини ва мазҳаби, намоиши иқтидори ислом аст афзуд: Тамоми иқдомоте ки дар марзҳо дар ростои хидматрасони ба зоирон барқарории назму амният дар марзҳо ва аз ҳамаи муҳитар амнияти миллии кишвар анҷом мешавад бисёр ҳоизи аҳамият аст.
Генерал Боқири афзуд наздик ба 1 миллиоун 250 ҳазар нафар дар 10 рузи гузашта аз марзҳои Эрон бедуни ин ки кучактарин мушкили ба вуҷуд ояд хориҷ шуданд.
Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард бо таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангиҳои суратгирфта бо кишвари Ироқ иқдомоти хуби анҷом шуд ба тавре ки шоҳиди як назми хоси дар баргузории ин маросими бузурги маънавӣ ҳастем.