Ҳузури санъати нашри Эрон бо ироаи 600 унвон китоб дар Маскав
-
Ҳузури санъати нашри Эрон бо ироаи 600 унвон китоб дар Маскав
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо арзаи беш аз 600 унвон китоб ба забонҳои форсӣ ва русӣ дар сивушашумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав ҳузур дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА дар сивушашумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав хонаи китоб ва адабиёти Эрон бо ҳамкории ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав ба муаррифи ва арзаи беш аз 600 унвон китоб бо мавзуъҳои дин, кудак ва навҷавон, эроншиносӣ, ҳунар, дифоъи муқаддас, адабиёти пойдори, адабиёти класик ва муосир ва ғайра пардохта аст.
Аз ин теъдод ҳудуди 250 унвон китоб манобеъи тарҷумашуда аз забони форсӣ ба забони русиро шомил мешавад.
Ҳамчунин руйдодҳои мутанавеъи шомили нишастҳои тахассуси, рунамоӣ ва муъарифи китоб, дидор бо ношрон, нависандагон ва масъулони намоишгоҳи аз ҷумла барномаҳои ғурфаи Эрон дар ин давра аз намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав аст.
Сивушашумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав аз имруз чаҳоршанбе бо 300 ғурфаи фаъол оғоз ба кор кард ва то 3 сентябр ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.