Август 31, 2023 17:13 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ : Шабакаи якпорчаи падофанди ҳавоӣ амнияти пойдорро барои осмони Эрон рақам зад

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : Шабакаи якпорча ва бумии падофанди ҳавоии кишвар дар авҷи иқтидору ҳушмандӣ, амнияти пойдорро барои Ҷумҳурии исломии Эрон фароҳам кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ-раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ба муносибати рӯзи падофанди ҳавоӣ афзуд : Имрӯз шабакаи якпорча ва бӯмии падофанди ҳавоии кишвар дар авҷи иқтидору ҳушмандӣ осмони меҳани исломиро таҳти расад ва ишрофи комилу ҳамаҷониба дорад ва амнияти пойдору мисолзадане ва дар тарози меъёрҳои байналмилалиро барои парвозҳои дохилӣ ва гузарӣ аз Эрони азиз фароҳам овардааст. Сарлашкар Боқирӣ гуфт : Бетардид ин муваффақияту дастоварди роҳбурдӣ дар сояи муҷоҳидатҳову талошҳои хастагинопазир ва нақшофариниҳои таҳсинбарангези диловармардони падофанди ҳавоӣ дар артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии ҳосилшуда ва барои эрониён мояи мубоҳот ва ифтихор аст.

 

Барчасп