Сентябр 01, 2023 19:21 Asia/Dushanbe
  • Барпоии ғурфаи ширкатҳои донишбунён ва халлоқи Эрон дар Намоишгоҳи навоварии Узбекистон

Ғурфаи ширкатҳои донишбунён ва халлоқ бо ҳимояти Маркази таъомулоти байналмилалии илму фанноварии Эрон дар Намоишгоҳи навоварии Узбекистон барпо мешавад.

Ширкатҳои донишбунёну халлоқи Эрон бо ҳимояти Деҳқонии Фирӯзободӣ, муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати ҷумҳурӣ дар рӯйдоди Намоишгоҳи навоварии Узбекистон ширкат мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Узбекистон бо 35 миллион нафар ҷамъият яке аз кишварҳои пешрав дар заминаи фанноварӣ ва навоварӣ аст; ба ҳамин далел панҷумин давраи ҳафтаи навоварии Узбекистон аз 16 то 20 октябри 2023 барпо мешавад.
Ғурфаҳои байналмилалӣ яке аз чаҳор барномаи калони маркази таъомулоти байналмилалии илму фанноварӣ дар ростои тавсеаи содироти ширкатҳои донишбунён аст.
Яке аз муҳимтарин барномаҳои ғурфаҳои Эрон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баргузории ҷаласоти фишурда бо шарикони тиҷорӣ аст.
 

 

Барчасп