Тавқифи шиновари ҳомили сӯхти қочоқ дар обҳои Халиҷи Форс
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i106882-Тавқифи_шиновари_ҳомили_сӯхти_қочоқ_дар_обҳои_Халиҷи_Форс
Як фарванд шиновари ҳомили сӯхти қочоқ тавассути неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар обҳои Халиҷи Форс тавқиф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 02, 2023 17:55 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи шиновари ҳомили сӯхти қочоқ дар обҳои Халиҷи Форс

Як фарванд шиновари ҳомили сӯхти қочоқ тавассути неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар обҳои Халиҷи Форс тавқиф шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Муҷтабо Қаҳрамонӣ, раиси кулли Додгустарии устони Ҳурмузгон( ҷануби Эрон), рӯзи шанбе гуфт, бо ҳамоҳангии раиси ҳавзаи қазоии шаҳристони Порсиён, размандагони нови типи 412 Зулфиқори минтақаи чаҳоруми неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ пас аз шиносоии як фарванд шиновари ҳомили сӯхти қочоқ дар обҳои Халиҷи Форс, нисбат ба тавқифи он иқдом карданд.

Раиси кулли додгустарии Ҳурмузгон бо ишора ба дастгирии чаҳор нафар дар ин робита, гуфт, дар бозрасӣ аз шиновар беш аз 50 ҳазор литр сӯхти қочоқ кашфу забт шуд.