Сентябр 03, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Намоиши иқтидори дарёӣ Эрон дар Халиҷи Форс
    Намоиши иқтидори дарёӣ Эрон дар Халиҷи Форс

Паради иқтидори дарёӣ шиноварҳои минтақаи дувуми неруҳои дарёӣ сипоҳ дар Халиҷи Форс ҳамзамон бо солрузи шаҳодати Раисалии Диловарӣ ва рузи миллии мубориза бо истеъмори Англия дар карона ва соҳили Диловари устони Бушеҳр ҷануби Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон шиноварҳои минтақаи дувуми дарёӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва басиҷи дарёӣ дар рузи миллии мубориза бо истеъмор дар Халиҷи Форс корна ва соҳили Диловар паради иқтидори дарёӣ баргузор карданд.

Генерал Ҳайдари Ҳунариёни Муҷарад муовини фармондеҳи минтақаи дувуми неруи дарёӣ сипоҳ бо гиромидошти солрузи шаҳодати Раисалии Диловари сардори бузурги мубориз бо истеъмор гуфт: Сардор Раисалии Диловар бо камтарин имконот ва ҳамроҳии олимони динӣ дар баробари истеъмори Англия истод ва сабаби ифтихор ва иззати Эрон шуд.

Генерал Ҳунариёни Муҷарад рҳи шуҳадои Халиҷи Форсро идомаи масири шаҳид Раисалии Дилорвари донисту афзуд: Ҳамакнун истеъморситези ва истекборситези тавассути ҷавонони хитаи ҷануб идома ёфта аст ва истекбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он амрикои иҷнояткор ҷуръати руёруӣ бо диловармардони Ҷумҳурии Исломии Эронро надорад.

Имруз якшанбе 3 сенябри соли 2023 солрузи шаҳодати Раисалии Диловари сардори бузурги муборизот зидди истеъмории ҷануби Эрон ва рузи миллии мубориза бо истеъмори Англия дар Эрон аст.

Раисалии Диловари 1882-1915 фарди озодихоҳ ва раҳбари қиёми ҷануби Эрон дар Тангистон ва Бушеҳр зидди низомиёни мутаҷовиз ва истеъморгари Англия дар ҷанги ҷаҳонии аввал буд.

Барчасп