Сентябр 03, 2023 18:28 Asia/Dushanbe
  • Рафъи мушкили тараддуди зоирони табааи хориҷӣ дар Эрон

Мушкили тараддуди зоирони табааи хориҷӣ бо дастури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, пайгирӣ ва ҳамоҳангии устондории Хузистон бартараф шуд.

20 сафари 1445 ҳиҷрии қамарӣ (6 сентябри 2023), Арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаъини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Зоирони покистонӣ ва дигар ҳамсоягони Эрон низ дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба арбаъини ҳусайнӣ(а) пас аз вуруд ба Эрон, барои пайвастан ба ушшоқи ҳусайнӣ, аз мабодии хурӯҷии ғарбу ҷануби Эрон, озими атаботи олиёт мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, устондории Хузистони Эрон бо судӯри иттилоияе эълом кард, дар пайи бурузи мушкили тараддуди зоирони атбои ғайри муқими афғонистонӣ ва пас аз дастури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, пайгирӣ ҷиҳати иттихози тасмим дар хусӯси ин мавзӯ ва ҷалби назари давлати Ироқ анҷом шуд.