Сентябр 03, 2023 19:02 Asia/Dushanbe
  • Иттисоли Афғонистон ба Аврупо ва Уқёнуси Ҳинд бо роҳи оҳани Хоф - Ҳирот

Раиси идораи хати оҳани Афғонистон гуфт, такмили хати оҳани Хоф - Ҳирот барои Афғонистону Эрон бисёр муҳим аст, зеро ду кишвар аз ин тариқ ба Аврупо ва Уқёнуси Ҳинд муттасил мешавад.

Роҳи оҳани Ҳирот – Хоф ба тӯли 226 километр, Афғонистонро ба хати оҳани Эрон васл мекунад.

77 километри ин хати оҳан дар хоки Эрон ва 149 километри он низ дар хоки Афғонистон аст, ки дар ҳоли ҳозир ин хати рейлӣ аз Хоф то истгоҳи Рӯзанак дар устони Ҳирот такмил шуда ва қитъаи поёнии ин хати оҳан аз Рӯзанак то шаҳри Ҳирот дар ҳоли эҳдос аст.

Ба гузориши ИРНА, Бахтураҳмон Шарофат, раиси Идораи хати оҳани Афғонистон рӯзи якшанбе дар ҷараёни сафар ба Машҳад ва гуфтугӯ бо масъулони Хуросони Разавии Эрон афзуд, бандари Чобаҳори Эрон аз он ҷиҳат, ки Афғонистонро ба Уқёнуси Ҳинд ва аз он тариқ низ ба Ҳинд муттасил мекунад, бисёр бо аҳамият аст.

Шарофат афзуд, дар сафар ба Эрон илова бар тафоҳумномаҳое, ки дар Теҳрон ба даст омад, аз бандари Чобаҳор, таъсисот ва хутути рейлӣ, пул ва тунелҳои роҳи оҳан дар ин масир боздид шуд.