Таъкиди Раисӣ бар иртиқои ҳамкориҳои Эрон ва Туркия
Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ ва таърихии Эрон ва Туркия ибрози умедворӣ кард сатҳи ҳамкориҳои фимобайн дар давраи ҷаддиди раёсатҷумҳурии Эрдуғон беш аз пеш иртиқо ёфта ва ба тақвияти таъомулоти минтақаӣ ва байналмиллалии дутарафа бианҷомад.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, Раис Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар дидор «Ҳакан Фидан» вазир умури хориҷаи Туркия, ки дар Теҳрон, фаъол шудани Камисиюни муштарки ҳамкориҳои иқтисодиро дар ҳамвор кардани масири таъомулоти дукишвар ва табодули назари зарфиятҳои мутақобил муассир донист.
Раисӣ бо ишора ба нигарониҳои амниятии Туркия дар минтақа, муассиртарин роҳкори муқобила бо терроизмро эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои минтақа донист ва тасреҳт кард, эъмоли муассири ҳокимияти миллии ҳар давлате бар тамомияти арзии сарзамини он, беҳтарин роҳи ҷиравгирӣ аз фаъолиятҳои терористӣ ва зидди амниятӣ аст.
Раиси Ҷуиҳӯрии Исломии Эрон бо зарурӣ донистани муқобила бо ҳузури кишварҳои бегона дар манотиқи мухталиф аз ҷумла Қафқоз, ба ҳалу фасли масоъили ҳузӯр аз тариқи гуфтугӯ ва ҳамкории миёни кишварҳои ҳар минтақа таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Туркия низ дар ин дидор бо Баёни ин, ки Эрон ва Туркия зарфиятҳои зиёде барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо ва таъомулоти худ бо якдигар доранд, таҳқиқи ҳадафи иртиқои сатҳи мубодилоти тиҷории фимобайн ба 30 миллиард долларро мумкин донист ва бар иродаи Туркия барои таҳақуқи он таъкид кард.