Сентябр 04, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Ҳаҷми табодулоти иқтисодии Эрон ва Туркия 30 миллиард евро аст
    Амирабдуллоҳиён: Ҳаҷми табодулоти иқтисодии Эрон ва Туркия 30 миллиард евро аст

Вазири хориҷаи Эрон дар нишаст хабарӣ бо ҳамтои туркии худ дар Теҳрон матраҳ кард: ҳадафгузории ҳаҷми табодулоти иқтисодии дукишвар 30 миллиард евро аст ва акнун дар миёнаи роҳ ҳастем.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар идомаи суҳбатҳои худ афзӯд: Бисёр хурсандем, ки тавофуқоти ду раисиҷумҳур рӯ ба пеш ва дар масири пешрафт қарор дорад.

Амирабдуллоҳиён афзӯд: Нисбат ба бурузрасонии санади тиҷорати тарҷеҳи иттифоқи назар дорем ва ҳамчунин масирҳои транзетии мавҷуд, мукамили миёни Туркия ва Эрон аст вале омили ба рақобат нест.

Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард: Пас аз панҷ сол фардо нишасти мушитараки Кумитаи маҳкумон фардо дар Анкара баргузор хоҳад шуд, ки умедворем битавонем нистаб ба табодули муҷримон ва зиндониёни иқдомоти лозимро ба мал оварем.

Ҳакан Фидан вазири умури хориҷаи Туркия дар ин нишасти хабарӣ изоҳор кар: Баъд аз зилзилаи Туркия, Эрон ҳамбастагии худро бо мардуми Туркия нишон дод, ки аз он ташаккур мекунам.

Вазири умури хориҷаи Туркия тасреҳ кард: Тиҷорати марзӣ, кишоварзӣ, домдорӣ ва лаҷестики омодагии кишварҳои худро матраҳ кардем. Дар ин дидор дар бораи ҳамкори дар заминаи энержи низ гуфтугӯ кардем, дар бораи мавзуъоти минақа ҳам низ суҳбат кардем.

Вазири хориҷаи Туркия афзӯд: Эрон ва Туркия дукишвари қудратманд дар минтақа ҳастанд, ки ин амр масъулияти моро сангинтар мекунад.