Сентябр 04, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳиши 54 дарсадии содироти нефти Эрон аз ибтидои соли 2023
    Ҷаҳиши 54 дарсадии содироти нефти Эрон аз ибтидои соли 2023

Бломберг эълом кард: Содироти нефти Эрон бо рушди 54 дарсади аз ибтидои соли ҷорӣ мелодӣ ба беш аз 1 миллиону 850 ҳазор бушка дар руз дар моҳи август расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, шабакаи хабарии Бломберг дар гузориши бо баррасии раванди содироти нефти Эрон аз ибтидои соли ҷорӣ аз рушди 50 дарсадии содироти нефт ва миъоноти гази Эрон тайи ин муддат хабар дода аст.

Дарҳоле, ки содироти нефт ва миъоноти гази Эрон дар нахустин моҳи соли ҷории мелодӣ 1.2 миллион бушка дар руз буд ин рақам дар моҳи август ба рақами қобили таваҷҷуҳ 1.85 миллион бушка дар руз афзоиш ёфта аст, ки ҳоки аз рушди 54 дарсади нисбат ба моҳи январ аст.

Эрон дар моҳи август 1.7 миллион бушка дар руз нефти хом ва 152 ҳазор бушка дар руз миъонот содир кард, ки бар ин асос кулли содироти нефт ва миъоноти гази Эрон дар ин моҳ 1.85 миллион бушка дар руз буда аст.

Ин рақам болотарин мизони содироти нефти Эрон дар 5 соли гузашта яъне аз замони хуруҷи Амрико аз БарҶом мебошад.

Барчасп