Баргузории нишасти адабӣ ва фарҳангии ду шаҳри торихии Ҳироту Тойибод
(last modified Tue, 05 Sep 2023 05:38:31 GMT )
Сентябр 05, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти адабӣ ва фарҳангии ду шаҳри торихии Ҳироту Тойибод

Ройзани фарҳангии Эрон дар Ҳироти Афғонистон аз баргузории нишасти адабии фарҳангии 2 шаҳри торихии Ҳироти Афғнистон ва Тойибод дар устони Хуросони разавӣ, шимолу шарқи Эрон хабар дод.

Маҷиди Холиқиниё-ройзани фарҳангии Эрон дар Ҳироти Афғонистон дар гуфтугу бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА ) гуфт : Ду шаҳри марзии Тойибоду Ҳирот аз иштирокоти торихӣ ва фарҳангии зиёде бархурдор ҳастанд ва муҳимтарин иштироки миёни ин ду шаҳр забону адабиёти форсӣ буда, ки бештарин пайвандро барои ду миллат ва ба хусӯс ин ду шаҳри марзӣ ва ҳамсоя эҷод кардааст.

Холиқиниё тасреҳ кард : Хатҳои марзӣ фақат ба лиҳози мушаххас шудани ҷуғрофиёи ду кишвари Эрон ва Афғонистон аст, аммо тавсеаи равобити фарҳангӣ марз намешиносад, балки ба дӯстиҳои бештару иртибототи фарҳангии бештари 2 шаҳр кумак мекунад . Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳирот тасреҳ кард : Вуҷуди мазору оромгоҳи бошукуҳ ва торихии мавлоно Зайниддин Абубакри Тойибодӣ-орифи машҳури қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ дар Тойибод ва аз сӯи дигари оромгоҳи боазамати хоҷаи Абдуллоҳи Ансорӣ-орифи машҳури қарни панҷуми ҳиҷрӣ дар Ҳирот фақат як намуна аз даҳҳо асари торихӣ ва фарҳангии муштараку пайванддиҳандаи ин 2 шаҳр маҳсуб мешавад.