Генерал Сабоҳифард: Иқтидори падофанди ҳавоӣ Эрон арсаро бар бегонагон танг карда аст
Фармондеҳи неруи падофанди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Бо баҳрагирии артиши Эрон аз таслиҳоти густарда ва мутанавеъи падофанди дар марзҳои ҳавоӣ арса барои ҷавлони бегонагон дар минтақа танг шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Алиризо Сабоҳифард фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имруз сешанбе дар масросими субҳгоҳи умумӣ дар донишгоҳи падофанди ҳавоӣ Хотамуланбиё(с) афзуд: Пешрафти илмӣ ва таҷҳизоти дифоъи дар сояи басират ва ҳушёри зимни кам асар кардани таҳримҳо падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ҷойгоҳи бартар қарор дода аст.
Генерал Сабоҳифард хотирнишон кард: Қудрати дифоъӣ ва омодагии размии неруҳои падофанди ба сурати мустамар дар ҳоли тақвият ва иртиқо аст ва неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари ҳаргуна таҳдиди эҳтимоли бархурди қотеъ ва ҷидди дорад.
Фармондеҳи неруи падофанди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Душманон бояд бидонанд, ки падофанди ҳавоӣ дар дифоъ аз кишвар ва интқилоб кучактарин таъалули аз худ нишон надода ва бо тамоми қудрат бо онҳо муқобила мекунад.