Раисиҷумҳури Эрон: Иҷтимои азими пиёдаравии Арбаъин ҷилваи дилдодагӣ ба Ҳусайн (а) аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, иҷтимои азими пиёдаравӣ, ҷилваи ишқу дилдодагӣ ба маҳзари имом Ҳусайн (а) аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи ҷомондагони арбаъини ҳусайнӣ дар имомзодагони Боқарияи шаҳри Бирҷанд, маркази устони Хуросони Ҷанубӣ (шарқи Эрон), бо таслияти арбаъини ҳусайнӣ(а) афзуд, имрӯз дилҳо ҳавои Карбало ва зиёрати музҷаъи мутаҳҳари нӯронии имом Ҳусайн (а)-ро дорад.
Раисӣ бо ишора ба иҷтимои беназири миллионии пиёдаравии арбаъин гуфт, Арбаъин намоде аз Ошӯро аст ва инсони солеҳ бидонанд, ки ҳамвора бояд бо Ҳусайн (а) зиндагӣ кард.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки Ошӯро маншаи ҳамаи таҳаввулот дар зиндагии инсонҳо буда ва мазҳари ҳамаи хезишҳо ҷв инқилобҳо дар ҷаҳон хоҳад буд, тасреҳ кард, имом Ҳусайн (а) хуни худро дод то ҷаҳлзудоӣ кунад, инсон басират пайдо кунаду роҳро аз бероҳа ташхис диҳад ва ҷаҳл бар ҷомеъа ҳоким нашавад.