Сентябр 07, 2023 14:39 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Раванди пешрафти Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи афзоишӣ
    Раисӣ: Раванди пешрафти Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи афзоишӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон дар арсаҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ низ ба ба суръат дар ҳоли пешрафт аст.

Ба гузорши хабаргузори Эрон Пресс, «Сайид Иброҳими Раисӣ» Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе дар ҷараёни сафар ба устони Хуросони Ҷанубӣ( шарқи Эрон) дар дидори ҷамъе аз уламо, аимаи ҷумъа ва ҷамоъати ин устон, бо баёни ин,ки душманон дар давраҳои тасис, тасбит ва рушди Ҷумҳурии Исломии Эрон талоши зиёде барои мамонеъат аз пешбурди аҳдофи Эрони исломӣ карданд, тасреҳ кард: Душманон пас аз ин, ки мушоҳида карданд бо вуҷӯди ҳамаи монеътарошиҳо ва фитнагариҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон улгуи дигар миллатҳо шуд ва таҳримҳо ва фишорҳоро табдил ба фурсат карда ва дар арсаҳои мухталиф дар ҳоли пешрафт аст ба иғтишошофаринӣ рӯй оварданд.