Роҳёбии варзишкори тенниси рӯйи мизи Эрон ба ҷамъи 16 нафари бартари Осиё
(last modified Fri, 08 Sep 2023 12:30:44 GMT )
Сентябр 08, 2023 17:30 Asia/Dushanbe
  • Навшоди Оламиён, марди шумораи 47 пингпонги дунё
    Навшоди Оламиён, марди шумораи 47 пингпонги дунё

Варзишкори эронӣ бо натиҷаи 3 бар 1 муқобили ҳарифе аз Кореяи Ҷанубӣ ба пирӯзӣ расид ва ба ҷамъи 16 нафари бартари Осиё роҳ ёфт.

Дар идомаи мусобиқоти тенниси рӯйи мизи инфиродии қаҳрамонии Осиё, дар марҳилаи якшонздаҳуми поёнии субҳи имрӯз (ҷумъа) Навшоди Оламиён, марди шумораи 47 пингпонги дунё дар масоф бо Ҷонсонг аз Кореяи Ҷанубӣ, дорандаи ринкинги 91 дунё муқтадирона ва бо натиҷаи 3 бар 1 ба бартарӣ расид ва ба ҷамъи 16 нафари бартари Осиё боло рафт.

Оламиён дар дасти аввал бо натиҷаи 11 бар 9 ба пирӯзӣ даст ёфт.

Дар дасти дувум низ миллипӯши арзандаи пингпонги Эрон 11 бар 8 муқобили ин ҳарифи кореяӣ ба бартарӣ расид.

Дар дасти сеюм бозӣ бо натиҷаи 14 бар 12 ба суди варзишкори кореяӣ идома ёфт ва дар хотима ва дар дасти чаҳорум миллипӯши Эрон варзишкори кишвари мизбонро бо ҳисоби 11 бар 6 мағлуб кард то дар маҷмуъ бо ҳисоби 3 бар як пирӯзи ин мусобиқа шавад ва пой ба марҳилаи якҳаштуми ниҳоӣ бигузорад.

Оламиён дар ин марҳила бояд ба масофи бозикуни чинӣ, марди шумораи яки пингпонги дунё ва қаҳрамони ду давраи ахири мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон биравад.

Бистушашумин давраи мусобиқоти тенниси рӯйи мизи қаҳрамонии Осиё аз 3 то 11 сентябр дар шаҳри Пиюнгчонги Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.