Касби рутбаи нахусти қории эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Индонезия
Қории эронӣ рутбаи нахусти мусобиқоти байналмилалии Қуръони Индонезияро касб кард.
Сайид Мустафо Ҳусайнӣ, қории байналмилалии Эрон дар нуҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон, ки ба мизбонии Индонезия баргузор шудааст, муваффақ ба касби рутбаи нахусти ин мусобиқот шуд.
Ин мусобиқот бо ҳузури намояндагони 10 кишвар ва дар риштаи қироати таҳқиқ дар рӯзҳои 5 то 7 сентябр дар шаҳри Ҷакарта баргузор шуд.
Яксад ширкаткунанда аз Индонезия ва намояндагоне аз кишварҳои Эрон, Бруней, Ҳинд, Малайзия, Таиланд, Тайван, Покистон ва Бангладеш дар ин мусобиқот бо якдигар рақобат карданд.
Ин мусобиқот ба ҳиммати ҷамъияти «Алҳуффозулқуръо», вобаста ба созмони исломии Наҳзати уламои Индонезия дар ду риштаи тиловату ҳифзи 30 ҷузъи Қуръони Карим, вижаи оқоён баргузор шуд.