Баргузории аввалин ҷаласаи додгоҳи омилони ҳамлаи ахир ба ҳарами Шоҳчароғ(а)
Аввалин ҷаласаи расидагӣ ба парвандаи се нафар аз муттаҳамони дувуми ҳодисаи террористии ҳарами Шоҳчароғ(а) бо ҳузури муттаҳамон ва увлиёи дами шуҳадои ин ҳодиса дар шуъбаи аввали додгоҳи инқилоби исломии Шероз баргузор шуд.
Дувумин ҳамлаи террористи ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо Шоҳчароғ(а) 13 августи соли 2023 анҷом шуд, ки омилони аслии ин ҳамла дар муҳаватаи ҳарам боздошт ва дар идомаи пуштибони ва ҳамдастони вай низ боздошт шуданд.
Аввалин ҷаласати муҳокимаи 3 нафар аз омилони ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ(а) имруз якшанбе бо ҳузури муттаҳамон ва вакилони мудофеъи онҳо, увлиёидами ду шаҳиди ҳодиса ва ҷамъи аз ҷонбозон ва шоҳидони ҳамлаи террористӣ дар шуъбаи 1 додгоҳи инқилоби исломии Шероз ба раёсати қози Сайид Маҳмуди Содоти баргузор шуд.
Ба гузориши маркази расонаӣ қуваи қазоия дар оғози ин ҷаласа Шерозиён намояндаи додситони умуми ва инқилоби маркази устони Форс зимни қироати кайфари хост гуфт: Ҳадафи шуми ДИИШ ва авомили сарсупурдаи он ҷиноят ва куштани занон ва кудакон ва мардони бедифоъ аст, ки дар ҳар ду ҳамлаи як соли ахир ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ(а) ҷоҳили ва гумроҳии ин гуруҳак барои ҷаҳониён исбот шуд.
Намояндаи додситон дар идома ба иттиҳомоти мутаҳами радифи аввал Раҳматулло Наврузов бо номи мустаъори Аслам Ёр пардохт ва таъкид кард: Иттиҳомоти вай муҳориба ва ифсоди филарз узвияти дар гуруҳи террористии ДИИШ ба қасди иқдом зидди амнияти кившар ва бағи аст.
Шерозиён иттиҳоми ворида ба мутаҳамони радифи дувум ва севум Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назари муовинати дар ифсоди филарз ва муовинат дар муҳориба, иҷтимоъи табони ба қасди иқдом зидди амнияти кишвар аз тариқи ҳамроҳи бо гуруҳаки террористӣ ДИИШ хонд.
Қози Содотӣ пас аз ахзи шикоёти шакоти парванда Раҳматулло Наврузов мутаҳами радифи аввалро ба ҷойгоҳ фарохонд ва зимни тафҳими муҷадади иттиҳомоти қироатшуда дар кайфари хост ба вай хостори ироаи тавзиҳоти мабуст дар хусуси фароянди ошноӣ, ҷазб ва узвият дар гуруҳаки террористии такфирии ДИИШ шуд.