Русия: Роҳи ҳалли парвандаи ҳастаии Эрон дипломатӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123678-Русия_Роҳи_ҳалли_парвандаи_ҳастаии_Эрон_дипломатӣ_аст
Порс-Тудей. Як мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ташдиди таниш дар бораи Барномаи ҳастаии Эрон зотан шикастхӯрда аст.
(last modified 2026-01-06T04:15:45+00:00 )
Январ 02, 2026 14:10 Asia/Dushanbe
  • Олег Постников, мудири идораи адами паҳншавӣ ва контрол бар таслиҳот дар Вазорати корҳои хориҷии Русия
    Олег Постников, мудири идораи адами паҳншавӣ ва контрол бар таслиҳот дар Вазорати корҳои хориҷии Русия

Порс-Тудей. Як мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ташдиди таниш дар бораи Барномаи ҳастаии Эрон зотан шикастхӯрда аст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Олег Постников, мудири идораи адами паҳншавӣ ва контрол бар таслиҳот дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо интиқод аз рӯйкардҳои танишзо дар бораи Барномаи ҳастаии Эрон таъкид кард, ки идомаи масири ташдиди таниш дар ин парванда зотан иштибоҳ, бозанда ва мунтаҳӣ ба бунбаст аст ва ҳеҷ ҷойгузини маъқуле ҷуз роҳи ҳалли сиёсӣ ва дипломатӣ вуҷуд надорад.

Ростников дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Спутник” изҳор дошт: «Соли гузашта шоҳиди талошҳои зиёде барои дастёбӣ ба тафоҳумҳои пойдор будаем, тафоҳумҳое, ки ҳадафи онҳо рафъи тардидҳо дар бораи моҳияти сулҳомези Барномаи ҳастаии Эрон, ҳамзамон бо дар назар гирифтани манофеи машруъи Теҳрон будааст.

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар ин талошҳо нақши фаъоле ифо кардааст, аммо дар ниҳоят «рӯйкарди ташдиди таниш дар Ғарб дасти боло пайдо кард».

Ин мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия бо ишора ба мавқеи Теҳрон афзуд: Маскав нишонаҳои мунтазам ва равшане аз сӯи Эрон дарёфт мекунад, ки нишондиҳандаи омодагии ин кишвар барои гуфтугӯ бар пояи баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва пойбандӣ ба ҳуқуқи байналмилал аст. Ба вижа Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT), ки ҳаққи кишварҳои ғайриҳастаиро барои рушди энержии ҳастаӣ бо аҳдофи сулҳомез тазмин мекунад. Постников ин ҳақро «ғайриқобили бознигарӣ ва ғайриқобили маҳдудсозӣ» тавсиф кард.

Ӯ дар идома афзуд: Бештарин фишор барои тазъифи ин ҳақ аз сӯи касоне амалӣ мешавад, ки асосан ба ин муоҳида напайвастаанд.