Сентябр 10, 2023 17:21 Asia/Dushanbe
  • Даъвати тими Сипоҳон ба мусобиқоти Иттиҳодияи БРИКС

Тими футболи Фулоди муборакаи Сипоҳон, ба сурати расмӣ ба аввалин давраи "БРИКСкоп" даъват шуд.

Дар ҷараёни баргузории понздаҳумини иҷлоси сарони БРИКС дар Африқои Ҷанубӣ, бо узвияти расмии Эрон дар ин блоки иқтисодӣ мувофиқат шуд.

Илова бар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ, Иморот, Аргентина, Миср ва Эфиопия ҳам узви БРИКС мешаванд.

Аввалин давраи мусобиқоти "БРИКСкоп" дар қолаби Иттиҳодияи БРИКС, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибототи сиёсии худ ахиран ба он пайваста, баргузор хоҳад шуд.