Сентябр 12, 2023 10:29 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби қадрдонии Раҳбари инқилоб аз мардуму давлати Ироқ дар расонаҳои ироқӣ

Қадрдонии Раҳбари инқилоб аз мардуму давлати Ироқ ба хотири меҳмоннавозӣ ва пазироии шукӯҳманд аз зоирони пиёдаравии Арбаъини ҳусайнӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар бозтоб ёфт.

Суханони ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ бозтоби густардае дар расонаҳои ироқӣ ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ дошт.
Шабакаи телевизиюнии Аннаҷбои Ироқ бо пахши тасвири дидори пуршӯри ҳазорон нафар аз мардуми устонҳои Систону Балучистон ва Хуросони ҷанубӣ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуд : Дар ин дидор имом Сайидалии Хоманаӣ аз талошҳои мардум, масъулон, неруҳои амниятӣ ва ба вижа Ҳашдуш-шаъбии Ироқ барои муваффақият дар баргузории зиёрати арбаъин ташаккур ва қадрдонӣ карданд.
Ҳамчунин шабакаи Алғадир бо пахши тасовири ин дидор гузориш дод : Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон аз заҳамоти мардум, масъӯлон,неруҳои амниятӣ ва ба вижаи Ҳашдуш-шаъбии Ироқ дар баргузории пиёдаравии зиёрати арбаъин ташаккур карданд.
Ин шабака ба нақл аз Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ изофа кард : Мо иттилооте дар ихтиёр дорем, ки Амрико гуруҳе ки аз он ба унвони "Маҷмӯъаи буҳрон" ном мебарад ташкил додааст, ки маъмурияти он буҳронофаринӣ аст.
Хабаргузории расмии Ироқ низ бо бозтоби суханони имрӯзи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори мардуми Систону Балучистон ва Хуросони ҷанубӣ бо ишон навишт : Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон рӯзи душанбе аз хадамоти давлат,мардум ва неруҳои амниятии Ироқ ба хотири хадамоте, ки дар арбаъини Имом Ҳусайн ( а ) дар ихтиёри зоирон қарор доданд, ташаккур карданд.
 

 

Барчасп