Сентябр 13, 2023 12:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Эрон бар иҷроӣ шудани тавофуқи амниятӣ бо Ироқ
    Таҳлил: Таъкиди Эрон бар иҷроӣ шудани тавофуқи амниятӣ бо Ироқ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон бо Бофел Толибонӣ, раиси Иттиҳодияи меҳани Курдистони Ироқ ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ низ дар Ербил бо раис ва нахуствазири минтақаи Курдистони Ироқ дидор ва бар лузуми иҷроӣ шудани тавофуқи амниятии Бағдод-Теҳрон таъкид карданд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи гузашта 11-уми сентябр мизбонӣ Бафел Талабонӣ, раиси Иттиҳодияи меҳани  Курдистон буд. Дар ҳамин ҳол, «Муҳаммад Козим  Оли Содиқ» сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Бағдод ҳам рӯзи гузашта дар сафар ба  Курдистони Ироқ бо «Масрур Боризонӣ»  нахуствазир ва «Нечерван Боризонӣ» раиси ин иқлим дидор ва гуфтугӯ кард.

Равобити Курдистони Ироқ бо Ҷумҳурим Исломии Эрон ҳамвора ҳоизи аҳамият аст. Ду тараф ба лиҳози ҳувияти фарҳангӣ қаробатҳои зиёде доранд. Илова бар наздикие, ки миёни курдҳои Эрон ва Ироқ вуҷҷӯд дорад, бахши зиёди аз мардум ва мақомоти Курдистони Ироқ ҳузӯр доранд. Агар чӣ бахши бузурге вз сокинони Ироқ аз аҳли суннат ҳастанд, аммо ҳамвора ба лиҳози мазҳаби низ миёни ду тараф эҳтиром ва наздики вуҷҷӯд доштааст. Дар роҳпаймоии  Арбаъин ҳамвора минтақаи Курдистон мизбони шумори зиёде аз зоирони ҳусайнӣ будааст.

Дар ҳамин росто, Оли Содиқ сафири Эрон дар Бағдод дар дидор бо мақомоти Курдистони Ироқ, аз давлати маҳаллии Ербил барои ироаи тасҳилоти ироа шуда ба зоирони Арбаъини ҳусайнӣ тақдир ва ташаккур кард.

Мавзӯъи муҳим ине, ки агарчӣ марзҳои Эрон ва минтақаи Курдистон ҳаргиз шоҳиди муноқишаи тарафайн набуда, аммо ҳузӯри ҷуғрофиёии Курдистони Ироқ ҳамвора маврди истифодаи гурӯҳакҳои террористӣ ва маъониди зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон қарор гирифт. Ҳамин мавзӯъ низ ҳомили барои эътирози мукаррари Ҷумуҳрии Исломии Эрон ба давлати Бағдод ва давлати маҳалии Ербил буд ва борҳо низ нерӯҳои мусалаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба маққари гурӯҳакҳои террористӣ ва маъониди мустақар дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳамла карданд.Дар ҳамин росто. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Бафел Талабонӣ бо таъкид бар ин,ки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон хоҳони Ироқи мустақил, шукӯфо ва обод аст, хотирнишон кард, ҳузӯри террорситҳо дар иқлими Курдистон ва таҳрикоти онон алайҳи амтнияти Эрон дар таъоруз бо қонуни асосии Ироқ ва муносиботи дӯстонаи фи мобайн аст. Ҳеҷ тарафе набояд ба амнияти ҳамсоягони Ироқ осеб бирасонад.

Аз сӯйи дигар, пас аз иғтишошоти соли гузашта дар Эрон, ки террористҳо ва маъодин аз марзҳои минтақаи Курдистони Ироқ низ барои эҷоби ошуб ва ноамнӣ дар Эрон истифода карданд, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон азми ҷиддии худро барои ҳали масъали ҳузӯри террористҳо дар минтақаи Курдистони Ирок нишон дод. Дар дидорҳое, ки миёни мақомҳои сиёсӣ ва амниятии Эрон ва Ироқ анҷоми шуд, тарафайн зимни имзои як тавофуқи амниятӣ, муҳлат замон барои поён додан ба масъалаи ҳузӯри террористҳо ва маъодин дар шимоли Ироқ таъин кардаанд. Дар дидор рӯзи гузаштаи Ҳусейн Амирабдуллоҳиён бо раиси Иттиҳодияи меҳани Курдистони Ироқ ва дидори сафири Эрон дар Ироқ бо мақомоти Ербил бар лузуми иҷроӣ шудани ин тавофуқи амниятӣ таъкид шудааст.  Дар ҳамин росто, Нечервон Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ дар дидори Оли Содиқ, сафири Эрон дар Бағдод гуфт бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки Эрон ҳамсояи муҳиме барои иқлими Курдистон аст, равобит бо ин кишвар барои иқлим аҳамият дорад. Иқлим ба тавофуқи амниятӣ миёни Ироқ ва Эрон пойбанд аст ва ҳаргиз иҷозаи зуҳури ҳар гуна таҳдиди амниятӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иқлимро нахоҳад дод.