Мулоқот ва машварати Амирабдуллоҳиён бо намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо намояндаи вижаи Покистон дар Афғонистон дидор ва таҳаввулоти ин кишварро баррасӣ карданд.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Осиф Алихон Дурронӣ, намояндаи вижаи нахуствазири Покистон дар умури Афғонистон, раванди таҳаввулоти Афғонистонро баррасӣ ва бо ӯ табодули назар кард.
Намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта бо ҳадафи машваратҳои дуҷониба ва минтақавӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бавижа барои баррасии таҳаввулоти Афғонистон ба Теҳрон сафар кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор нақши бонуфузи Эрон ва Покистон дар таҳаввулоти минтақа ва Афғонистонро эълом кард ва изҳори умедворӣ кард, ки идомаи ин машваратҳо ба сулҳ ва оромиши бештар мусоидат хоҳад кард бахусус дар Афғонистон.
Амирабдуллоҳиён дар идома вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, бар зарурати ҳимояти ташаббусҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби ҳамсоягон ба манзури мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон таъкид кард.
Осиф Алихон Дурронӣ дар ин дидор низ аз имкони табодули афкор ва муколама миёни ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда ва бо арзёбии худ аз таҳаввулот ва шароити Афғонистон дар ҷанбаҳои мухталифи сиёсӣ ва амниятӣ таъкид кардааст: Покистон ва Ҷумҳурии Исломии. Эрон ба мақсади кумак расондан ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.