Ширкати донишмандони мусулмони 40 кишвар дар рӯйдоди Ҷоизаи Мустафо (с)
Донишмандони мусулмон аз 40 кишвар дар панҷумин рӯйдоди Ҷоизаи илму фанноварии Мустафо (с) ширкат мекунанд.
Ҳусайни Раббонӣ, масъули дабирхонаи Исфаҳон ва мизбони панҷумин давраи эътои ҷоизаи Мустафо (с) гуфт, донишмандони мусулмон, ки фаъолиятҳову осори илмиву фанноварии онҳо дар ҷавомеи мухталиф ва дар рушди башарият таъсиргузор будааст, дар ин рӯйдод, ки 29 сентябр дар Исфаҳон оғоз мешавад ва то чаҳоруми октябр идома дорад, ширкат хоҳанд кард.
Раббонӣ бо баёни ин ки аз 50 расонаи хориҷӣ низ барои пӯшиши ин рӯйдоди байналмилалӣ даъват шудааст, изҳор дошт, ҳудуди 150 меҳмони хориҷӣ аз ҳавзаи илму фанноварӣ ва расонаӣ дар рӯйдоди Ҷоизаи Мустафо (с) ҳузур хоҳанд дошт, ки сафироне барои муаррифии кишвари Эрон ва шаҳри Исфаҳон ба саросари дунё хоҳанд буд.