Сентябр 13, 2023 20:21 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати имом Ҳасан (а)
    Солрӯзи реҳлати ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати имом Ҳасан (а)

Эрони исломӣ дар сӯги реҳлати паёмбари гиромии Ислом - ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а), набераи паёмбари хотам арқи андӯҳ ва мотам аст.

Фардо панҷшанбе - 23 шаҳривари 1402 ҳиҷрии шамсӣ ва 28 сафари 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 14 сентябри 2023, солрӯзи реҳлати паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а), имоми дувуми шиаёни ҷаҳон аст.

Паёмбари гиромии Ислом (с) то қабл аз реҳлаташон дар соли 11 ҳиҷрии қамарӣ бо утуфат, аҳкому мабонии шариати набавиро ба шеваҳои писандидаву дар айни ҳол матину муҳкам баён карданд ва дар тарвиҷу нашри маорифи дин ва ҳидояти он ба беҳтарин наҳви мумкин талош карданд.

Ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а) низ, ки ҳудуди сӣ сол бо падари бузургворашон ҳазрати Алӣ бин Абитолиб (а) мулозимат доштанд, дар 28 сафари соли панҷоҳи ҳиҷрии қамарӣ дар 47 солагӣ ба дастури Муовия ва ба дасти ҳамсар масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи реҳлати паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а) –ро ба мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.