Сентябр 15, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а)
    Солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а)

Эрони исломӣ дар остонаи фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) ғарқ дар андӯҳу мотам аст.

Шанбе 30 сафари соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 16 сентябри соли 2023, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) аст.

Ҳазрати имом Ризо (а) дар шаҳри Мадина мутаваллид шуданд ва дар поёни моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд. Даврони ҳаёту имомати ҳазрати имом Ризо (а) даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмату таҳорат (а) ва даврони густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) аст. Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо (а), Маъмун - халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ эшонро масмум ва шаҳид кард.

Дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а), ошиқону пайравони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар саросари Эрони исломӣ, ба вижа дар шаҳри Машҳади муқаддас, шимоли шарқи Эрон азодорӣ мекунанд.

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳад мизбони азодорони эронӣ ва дигар азодорон аз кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Афғонистон ва Покистон аст.

Радиои тоҷикӣ фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) -ро ба ҳамаи мусулмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.