Устоди донишгоҳи Нуширавонии Эрон муътабартарин ҷоизаи пажуҳишии гардуғуборро дар Олмон касб кард
Узви ҳайатилмии донишгоҳи санъати Нуширавони Бобул устони Мозандарон шимоли Эрон муътабартарин ҷоизаи Олмон дар баррасии асароти тағироти иқлими бар руйдодҳои гардуғубори ғарби Осиёро касб кард.
Ба гузориши ИРНА, Маҳдии Ҳамидӣ узви ҳайатилмии донишгоҳи санъати Нуширавонии Бобул барандаи ҷоизаи пажуҳиши бунёди " Humboldt" Олмон ки арзандатарин ҷавозиши пажуҳишии кишвари Олмон мебошадро аз они худ кард.
Ин ҷоизаи пажуҳиши тавассути бунёди "Alexander von Humboldt" дар қолаби филушипи таҳқиқотии Георг Форстер барои пажуҳишгарони ботаҷрубаи " Georg Forster Research Fellowship for Experienced Researchers" ба доктор Маҳдии Ҳамидӣ эъто шуда аст.
Дар қолаби ин филушип як тарҳи таҳқиқоти бо унвони баррасии асароти тағироти иқлими бар руйдодҳои гардуғубори ғарби Осиё бо ҳамкории прафесор Ёпинг Шоу дар муассисаи Геофизика ва ҳавошиносии донишгоҳи Келени Олмон ба анҷом хоҳад расид.
Натоиҷи ҳоисл аз ин тарҳи таҳқиқоти метавонад ба иттихози тасмимоти мунобис барои мудирияти мухотироти руйдодҳои гардуғубор дар кишварҳои ғарби Осиё кумак кунад.
Ҳадафи аслии ин бунёд эҷоди шабакаи фаъол ва пуё аз пажуҳишгарони саросари ҷаҳон аст ба гунае, ки барқарории иртиботи илми байни донишмандони барҷастаи дунё ва муҳақиқони олмониро дар олитарин сатҳ ҳимоят кунад.
Донишгоҳи санъати Нуширонии Бобул яке аз донишгоҳҳои давлатии бартари саънатии Эрон дар шимоли кишвар аст, ки дорои 6500 донишҷуи дохили ва хориҷӣ аст.