Сентябр 17, 2023 13:16 Asia/Dushanbe
  • Генерал Коргар: Дифоъи муқаддас азамат ва қудрати Эронро ба дунё собит кард
    Генерал Коргар: Дифоъи муқаддас азамат ва қудрати Эронро ба дунё собит кард

Раиси бунёди ҳифзи осор ва нашри арзишҳои дифоъи муқаддас гуфт: Дифоъи муқаддас инқилоби исломиро тасбит кард ва азамат ва қудрати Эрон ба дунё собит шуд.

Режими баъси Ироқ дар 21 сентябри соли 1980 бо убур аз марзҳои Эрон вориди ҷанги тамомуаёр шуд солҳои дифоъи муқаддас аммо ҳамосаи мондгор шуд то арзишҳои баҷомонда аз ин даврон ҳамчун пуштивонаи мустаҳкам барои убури миллати Эрон аз ҳалқаи тавтеаҳо ва хусуматварзиҳо бошад.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс генерал Баҳмани Коргар раиси бунёди ҳифзи осор ва нашри арзишҳои дифоъи муқаддас имруз якшанбе дар нишасти хабари ба муносибати гиромидошти ҳафтаи дифоъи муқаддас бо ишора ба баргузории паради неруҳои мусаллаҳ гуфт: Бузургдошти шуҳадои саломат табйини нақши занон ва хонавода дар дифоъи муқаддас табйини нақши вилоят ва раҳбари дар дифоъи муқаддас ва ҳамосаи шикасти ҳасри Ободон табйини ваҳдати миллӣ ва басирати ҷебҳаи муқовимат китоби дифоъи муқаддас барои кудакон, баргузории мусобиқоти мухталифи варзиши бо ном ва ёди шуҳадои ҷанги таҳмилӣ аз дигар барномаҳои ҳафтаи дифоъи муқаддас аст.

Барчасп