Сентябр 18, 2023 11:25 Asia/Dushanbe
  • Вазири итилооти Эрон: Расонаҳои террорситӣ дар амон нахоҳанд буд
    Вазири итилооти Эрон: Расонаҳои террорситӣ дар амон нахоҳанд буд

Вазири иттилооти Эрон бо ишора ба тарвиҷ ва омӯзиши терроризм ва ҳимоят аз таҷзияталабон ва гурӯҳҳои террористӣ дар бархе шабакаҳои моҳвораӣ гуфт, расонаҳои террористӣ дар амон нахоҳанд буд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳуҷатулислом валмуслимин Саид Исмоилӣ Хатиб вазири иттилооти Эрон бо баёни ин, ки шабакаи «Итернашнол» расонаи террорситӣ аст тасреҳ кард, ҳеҷ гурӯҳ ва расонаи террористӣ ва ҳар касе, ки хушунатро тарвиҷ мекунад дар амон нахоҳанд буд ва ҳимояти кишварҳои мухталиф аз онҳо боис намешавад, ки Эрон аз аҳдофи иқдомоти амнияти худ даст бардорад.

Вазири иттилооти Эрон ишора ба мизбонии кишварҳои мухталиф аз аъзои гурӯҳаки террористии мунофиқин гуфт, ҳар кишвари ва мабдое, ки ба террорстҳо ва душманони хушунатзо кумак кунад, дар амон нахоҳад буд зеро таррористҳо барои ин кишварҳо, ки ба онон паноҳ додаанд, ноамнӣ ба бор меоварад.

Ҳуҷатулислом  Хатиб дар бораи ҳамкориҳои Эрон ва кишварҳои ҳамсоя дар ҳавзаи иттилоотӣ низ изҳор кард, бо кишварҳои ҳамсоя табодул, равобит, рафту омад ва ҳатто тафоҳумномаи мактубии иттилоотии хубе вуҷҷӯд дорад, ки умедворем густариш пайдо кунад.