Сентябр 18, 2023 14:33 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Тасмимоти Созмони Миллал бояд бидуни таъсиргузори аз қудратҳои бузург бошад
    Раисӣ: Тасмимоти Созмони Миллал бояд бидуни таъсиргузори аз қудратҳои бузург бошад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафар ба Ню-Йорк барои ширкат дар ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, тасмимоти Созмони Миллал бидуни таъсиргузори аз қудратҳои бузург бошад.

Сайид Иброҳими Раисӣ ,раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузур дар ҳафтоду ҳаштумин  Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бомдоди душанбе дар садри ҳайати сиёси Теҳронро  ба мақсади Ню-Йорк тарк кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин, ки Эрон ба унвони яке аз аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамвора аз ин Созмон интизор дошта ва дорад, ки нақши таъин кунандае дар тавсиа, амният, сулҳ ва адолат дар ҷаҳон ифо кунад, изҳор кард, тасмимоти Созмони Миллали Муттаҳид бояд ба дур аз ҳар гуна табъиз ва беадолати ва бидуни таъсиргузори аз қудратҳои бузург шакл бигирад то ончӣ, ки иқтизои ҳақ ва адолат дар ҷаҳон аст, шакл бигирад.

Раисӣ таъомул бо кишварҳои ҷаҳон, Созҳмонҳои минтақаӣ. фароминтақаӣ ва байналмиллалиро яке аз аркони сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар шумурд ва тасреҳ кард, Созмони Миллали Муттаҳид ва Маҷмаъи умумии ҷойгоҳи муносибе барои баёни дидгоҳҳо ва назароти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзӯд: Дидгоҳи Эрон, ҷаҳони бидуни  аз фақр бидуни аз силоҳҳои ҳастаӣ ва кӯштори ҷамъӣ ори аз беадолати ва табъиз аст, ки дар он каромати инсон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта ва зарфиятҳои фаровони мавҷӯд дар ҷаҳон дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз офатҳо ва балоҳои табии ва ноши аз сиёсатҳои салтаталабона ба кор гирифта мешавад.