Сентябр 19, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Раисӣ бо мудирони баландпояи расонаҳои Амрико

Нишасти раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо мудирони баландпояи расонаҳои Амрико баргузор шуд.

Сайидиброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳӯри Эрон дар нахустин барномаи сафари худ ба Нию-Йорк гуфтугуи ошкору рӯбарӯ бо мудирони баландпояи расонаҳои Амрико
баргузор кард ва бо оромишу ҳавсала ба саволоти мухталифи онон посух дод .
Ба гузориши ИРНА, сардабирони расонаҳои Амрикоеи пурсишҳое дар заминаҳои озодсозии амволи блокашудаи Эрон, табодули зиндониён миёни Теҳрону Вашингтон ва эҳтимоли тавофуқҳои дигар байни Эрону Амрико, ояндаи равобити минтақаии Эрон бо ҳамсоягони худ аз ҷумла Миср, Баҳрайн, Амороту Арабистонро матраҳ карданд.

 

Барчасп