Сентябр 19, 2023 13:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои дидор бо Раисӣ

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ хостори дидор бо Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар ҳошияи маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид шуд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар ҳафтоду ҳаштумин маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дирузи душанбе дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ вориди фурудгоҳи Ҷон Киннедии Нию-Йорк шуд.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Меҳр, Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ талош мекунад, то мамнуъияти Теҳронро барои « теъдоди қобили таваҷҷӯҳе » аз бозрасони ожонс лағв кунад .
Гросси ибрози умедворӣ кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар тасмими худ дар бораи бозрасони ин созмон бознигарӣ  кунад.
 

 

Барчасп