Раисӣ Эрон омодаи мушорикат барои густариши сулҳу амният дар ҷаҳон аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори дабири кулли маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид омодагии Теҳронро дар мушорикат барои густариши сулҳу амният дар ҷаҳон ва пешгири аз зулм ба миллатҳо эълом кард.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузур дар ҳафтодушаҳштумин маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дируз душанбе дар сарварии ҳайати олирутбаи сиёсӣ вориди фурудгоҳи Ҷон Кенедии Ню-Йорк шуд.
Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Антонио Гутерриш дабири кулли Созмони Милал зимни қадрдони аз талошҳои дабири кул ва дабирхонаи ин созмон таваҷуҳ ба хости миллатҳо дар иҷрои адолат, рафъи табъизу фақр ва ҳамчунин амнияти пойдоро аз ҷумлаи маъмуриятҳо ва вазоифи аслии Созмони Милал баршуморид.
Раисӣ пешгири аз зиёдахоҳи ва султаталбиро аз ҷумлаи интизороти мардум аз Созмони Милал донист ва бо баёни ин ки ҷангафрузи табиъати қудратҳои бузург ва низоми султа аст иқдомоти Созмони Милал барои пешгири аз ин равияҳои хатарнок ва сулҳу суботи ҷаҳониро зарури хонд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба нигаронии кишварҳо дар қиболи ояндаи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ Афғонистон, Яман, Сурия ва ҳамчунин таҷзияталаби дар Африқо дар сояи зиёдахоҳи ва қудратталабии низоми султа нақши муҳими Созмони Милал дар пешгири аз зулм ба мардуми ин кишварҳоро ёдовар шуд.