Тавсияи Раисӣ ба расонаҳои ғарбӣ: Ҳақоиқи Эронро бозгу кунед
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи барномаҳои сафари худ ба Ню-Йорк дар нишасти бо мудирони аршади расонаҳои амрикоӣ ба онҳо тавсия кард, ки ҳақоиқи Эронро бозгу кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст гуфт дар иғтишошоти соли гузашта дар Эрон дар муддати 48 руз 36 ҳазор дуруғ дар расонаҳо зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон тавлид шуд.
Раисӣ афзуд асоси кори расоҳонаҳое, ки таҳти назари низоми султа идора мешавад баёни ҳақоиқ ва огоҳии бахши ба мардум ва ҷомеъаҳо нест ва сирфан хостаҳои қудратмандон ва султагаронро мунъакис мекунанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба расонаҳои ғарби тавсия кард ҳақоиқи Ҷумҳурии Исломии Эронро бишиносанд ва ба ҷомеъаҳо мунтақил кунанд.