Истиқболи ҲАМОС ва Ҷиҳоди Исломӣ аз ҳукми боздошти Натанёҳу
(last modified Fri, 22 Nov 2024 13:31:10 GMT )
Ноябр 22, 2024 18:31 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ Натанёҳу ва Галантро ба наслкушӣ муттаҳам кард
    Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ Натанёҳу ва Галантро ба наслкушӣ муттаҳам кард

Саҳоб. Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин аз судури ҳукми боздошти Бенёмин Натанёҳу ва Йоав Галант, нахуствазир ва вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ тавассути Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ба иттиҳоми иртикоби наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар Ғазза истиқбол карданд.

Ба гузориши шабакаи “Саҳоб”, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) рӯзи панҷшанбе эълом кард, мо аз судури ҳукми боздошт барои террористҳо Натанёҳу ва Галант тавассути Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (кайфарӣ) ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият истиқбол мекунем.

Ин ҷунбиш афзуд: Мо аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ мехоҳем, ки ҳамаи сарони Исроилро мавриди бозхосту муҷозот қарор диҳад ва аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳем, ки бо додгоҳ барои боздошти Натанёҳу ва Галант - ду ҷинояткори ҷангӣ ҳамкорӣ кунанд ва ба ҷиноёти наслкушӣ алайҳи ғайринизомиён дар Ғазза поён диҳанд.