Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
(last modified Fri, 22 Nov 2024 12:25:04 GMT )
Ноябр 22, 2024 17:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
    Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Риёз баргузор шуд.

Сеюмин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подшоҳии Арабистони Саудӣ дар 20 ноябр дар Риёз баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор тарафайн дар хусуси вазъияти мавҷуд ва чашмандози густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ табодули назар карданд.

Равобити мушорикат дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ низ дар маркази гуфтугӯи тарафайн қарор дошт.

Ин ройзаниҳо таҳти раёсати Фаррух Шарифзода, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валид бин Абдулкарим Алхариҷи, муовини аввали вазири умури хориҷаи подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор шуд.