Сентябр 19, 2023 21:39 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи давлат: Эрон ба қутби минтақаи ироаи хадамои фазоӣ табдил хоҳад шуд
    Сухангуи давлат: Эрон ба қутби минтақаи ироаи хадамои фазоӣ табдил хоҳад шуд

Сухангуи давлати Эрон таъкид кард: Бар ҳасби санади 10 солаи фазоӣ Эрон дар поёни ин барнома яъне дар соли 1410 ба қутби минтақаӣ ироаи хадамоти фазоӣ ба вижа дар бахши ироаи хадамоти партоб табдил хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алӣ Баҳодури Ҷаҳруми гуфт: Баъд аз ҳудуди 10 сол таътилии шурои олии фазоӣ шоҳиди баргузории ду ҷаласаи шурои олии фазоӣ будем.

Барномаи 10 солаи фазоӣ яке аз муҳимтарин санадҳои болодастии бахши фазоӣ Эрон аст, ки дар дувумин ҷаласаи шурои олии фазоӣ дар давлати сездаҳум ба тасвиби аъзо ва тайиди раиси ҷумҳури расид.

Баҳодури Ҷаҳруми таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иҷрои ин санад дар минтақа саромади рушди фановарии фазоӣ буми хоҳад шуд ва мо шоҳиди афзоиши баҳраварии шаҳрвандон, касбу кор ва давлат аз хадамот ва фановариҳои фазоӣ ба унвони ҷузи ҷудонопазир аз зисти имруз дар ҷаҳон хоҳем буд.

Ин санад бахшҳои мухталифро шомил мешавад, ки дар муҳимтарин бахш Эрон дар поёни ин барнома дар соли 1410 ба қутби минтақаӣ ироаи хадамоти фазоӣ ба вижа дар бахши ироаи хадамоти партоб табдил мешавад.

Вай афзуд: Дар ин замина пойгоҳи фазоӣ Чобаҳор, ки ҳамакнун бо мудирияти созмони фазоӣ Эрон дар ҳоли сохт аст ба пойгоҳи барои анҷоми партобҳои байналмилалӣ табдил мешавад.

Дар бахшҳои мухталифи дигар аз ҷумла тароҳи ва сохти анвоъи моҳвораҳои мухобироти, санҷиши ва родори низ барномаҳои муфасали дар ин барнома дида шуд, ки нашат гирифт аз тавонмандиҳои кишвар дар бахши дониши фазоӣ ва зерсохтҳои мавҷуд дар кишвар аст.

Барчасп