Сентябр 20, 2023 12:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ронолдо, Арабистони Саъудӣ ва тарафдорони эронӣ
    Таҳлил: Ронолдо, Арабистони Саъудӣ ва тарафдорони эронӣ

Криштиян Ронолдо фавқи ситораи Партугалияи Ал-Насри Арабистон, ки барои дидор бо Пересполис дар Лигаи қаҳрамонони Осиё ба Теҳрон сафар кард мавриди истиқболи густардаи тарафдорони худ қарор гирифт.

Расонаҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳон тасовири истиқболи густарда аз Ронолдо дар Теҳронро пушиш доданд ва ҳар кадом низ таҳлилҳое мадди назари худро дар ин хусус баён карданд. Бархе аз  ҳамин тасовир барои сиёҳнамо алайҳи нимзхоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми Эрон истифода карданд, бархе аз Арабистон ба хотири овардани ситораҳои футболи Осиё тамҷид карданд ва бархе аз иқдоми тарафдорони эронии Ронолдо дифоъ карданд.

Воқеъият ин аст, ки истиқболи густардаи эрониҳо аз Ронолдо иттифоқи ғайри мунтазира ва ё бесобиқа набуд балки иттифоқи одди аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи селебритиҳо аз ҷумла селерибтиҳои варзишӣ ва ба хусус барандаи 5 тупи талои ҷаҳон, дар ҳар кишвари дигаре, ки ба нудрат шоҳиди ҳузӯри ин чеҳраҳо бошанд, рӯх медиҳад. Замоне, ки Лионел Месси фавқи ситораи аргентинӣ ба Paris Saint-Germain пайваст ва ё ахиран, ки Аргентина бо Месси ба Чин рафт тарафдорони вай истиқболи густардае ба амал оварданд.  Далели ин истиқболи густардаи мардумӣ беш аз ҳама ношӣ аз табдил шудани ин чеҳраҳо ба марҷаъият барои насли ҷавони имрӯзӣ дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Эрон аст.

Мавзӯъи дигар ине, ки  истиқболи густардаи тарфдорони эронӣ аз Ронолдо ҳам барои футболи Эрон ва ҳам футболи Арабистони Саъудӣ як имтиёз ва саҳнаи мусбат буд. Ронолдо, футболи Арбистон ва расонаҳо ҷойгоҳи футболи Эрон ва сармояи ичтимоъии варзишии Эронро дарк кардаанд. Бошгоҳи Ал-Насри Арабистон, ки аз истиқболи эрониҳо ба шиддат хушҳол шуд, таъбири ҷолибе ба кор бурд ва бо интишори тасовири истиқболи мардум аз утубуси Ронолдо аз мардум қадрдонӣ карда ва дар Твиттери худ навиштаанд:  «Ин ҳамон чизе аст ,ки наметавон харид! »Ишораи ин бошгоҳи арабистонӣ ба сармояи инсонии футбол дар Эрон аст.

Истиқболи густарда аз Ронолдо дар Теҳрон як имтиёз барои Арабистон низ буд. Ин иқдоми тарафдорони пуршури эронӣ нишон дод, ки бошгоҳҳои арабистонӣ бо ҳазинаҳои сангин дар футбол, шуру нишот ба ҷомеъаи футболдӯсти Арабистон ва ба Лиги қаҳрамони  Осиё тазриқ кардаанд.

Дарси бузурги истиқболи густарда аз Ронолда дар Теҳрон бояд барои  Конфедерацияи футболи Осиё бошад. Футбол бо тамошогарон зебо аст. Asian Football Confederation бо маҳрум кардани Персполис аз доштани тамошогаронаш дар бозии мирӯза бо Ал-Насри Арабистон, футболи Осиёро аз як имтиёзи вижа маҳрум кард. Конфедерацияи футболи Осиё метавонист Пересполисро ба гунаи дигар муҷозот кунад аммо иҷозаи ҳузури сад ҳазор ташогар дар стадиони Озодиро бидиҳад ва ҷойгоҳи футболи Осиёро ба рухи ФИФО ва кишварҳои Аврупоӣ ва ҳатто амрикоӣ бикашад .AFC имрӯз метавонист барои Ронолдо ҳам бо тамошогарони эронӣ як сурпройзи вижа дошта бошад, аммо ҳам Пересполис, ҳам худи AFC, ҳам Ронолдо ва ҳам Ал-Насри Арабситонро аз ҳузӯри сармояи инсонии футболи Эрон маҳрум кард. Дар ин замина, Саъд Ал-Ҳорси хабарнигори машҳури футболи Арабистон Твиттер кард; Конфедерацияи футболи Осиё муртакиби иштибоҳи бузурге шуд, ки ҳаводорони Пересполисро аз ҳуд дар дидори муқобили Ал-Наср маҳрум кард.