Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо
(last modified Wed, 20 Sep 2023 07:44:17 GMT )
Сентябр 20, 2023 12:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо

Раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидиброҳими Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷуҳруиии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони милал дидор ва эълом карданд, ки баргузории ҷаласоти муштараки кишварҳои ҳамсоя барои мубориза бо терроризм ва эҷоди субот дар Афғонистон, дахолат накардани бегонагон дар масоили кишварҳои минтақа дар эҷоди амнияти пойдор амре зарурӣ аст.

Раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон ҳамчунин бар баҳрагирӣ аз зарфияти Комиссиюни муштараки иқтисодӣ дар ҷиҳати афзоиши сатҳи таомулоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин иштирокгузории зарфиятҳо ва тавонмандиҳои ду кишвар таъкид карданд. Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳузур дар ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ба Ню-Йорк сафар кардааст.