Сентябр 20, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон : Тамоми парвозҳо аз Эрон ба мақсади Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон бекор шуд

Раиси Созмони ҳавопаймойии кишварии Эрон гуфт : Бо ҳадафи ҳифзи эминии мусофирон тамоми парвозҳои байни Эрон ва ду кишвари Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон то иттилоъи баъдӣ лағв(бекор) шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Муҳаммадибахш- раиси Созмони ҳавопаймойии кишварии Эрон дар гуфтугу бо ИРНА афзуд : Ба далели шароити хоси минтақау мутобиқи ҳушдори Созмони ҳавопаймоӣ анҷоми тамоми парвозҳо байни Эрону Арманистон ва ҳамчунин байни Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷон аз имрӯз ( чаҳоршанбе ) то иттилоъи баъдӣ лағв мешавад .
Ҳамзамон бо ташдиди даргириҳо дар Қарабоғ, Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бар барқарории оташбаси фаврӣ, поёни даргириҳо ва пойбандии ҷиддитар ба оташбаси соли 2020 ва усули қавонини башардӯстонаи байналмиллалӣ таъкид кард.
Даври тозаи танишҳои низомӣ дар Қарабоғ аз дируз ( сешанбе 19 сентябр ) оғоз шуд .
Дар ин ҳамлаи низомӣ то кунун 27 нафар кушта ва беш аз 210 нафар аз ҷумла 12 кӯдак захмӣ шуданд.
Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид фардо ( панҷшанбе ) нишасти изтирорӣ дар бораи Қарабоғ баргузор мекунад.
 

 

Барчасп