Омодагии Ҳизбуллоҳи Лубнон барои посух ба террорҳои Исроил
Июл 05, 2024 16:46 Asia/Dushanbe
Узви фраксияи порлумонии Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки посухи муқовимат ба террорҳои режими саҳюнистӣ беш аз ҳадди саҳюнистҳо хоҳад буд.
Ба гузориши бомдоди ҷумъаи шабакаи “Алҷазира”, Иброҳим Мусо, узви фраксияи порлумонии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни инки посухи Ҳизбуллоҳ ба таҷовузҳои низомии режими саҳюнистӣ, баёнгари тааҳҳуди ин ҷунбиш ба ҳимоят аз мардуми Фаластин аст, афзуд: Вақте душман яке аз фармондеҳони моро террор мекунад, посухи мо беш аз ҳадди интизори душман хоҳад буд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи панҷшанбе дар пайи шаҳодати Ҳоҷи Абу Наамма, фармондеҳи барҷастаи худ, манотиқи низомии артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамалоти ракетии густардаи худ қарор дод.
Барчасп