Мамнуъияти парвозии Эрон ба Ҷумҳурии Озабойҷон ва Арманистон лағв шуд
Сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон гуфт: Ба дунболи ахбори мабни ба сулҳ ва оташбас, парвозҳои байни Эрон ва ду кишвар Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон аз сар гирифта шуд.
Ба дунболи амалиёти низомӣ дар минтақаи Қарабоғ, ки мавриди муноқиша байн ду кишвар Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон аст. Созмони ҳавопаймоии кишвари ҳушдори мабни бар лағви парвозҳои байни Эрон ва кишварҳои Армнистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, содир кард, ки замони он то иттилоъи сонавӣ ва фурукаш кардани нооромиҳо эълом шуд.
Дар ҳамин пайванд сухангӯи Созмони ҳавопаймоии кишвари Эрон асри рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷуёни эрон (Исно) гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба коҳиши сатҳи таниш ба шароити оддӣ, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозаи парвоз дода шуд.
Бештар бихонед: