Сентябр 21, 2023 15:52 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Раисӣ ба Теҳрон
    Бозгашти Раисӣ ба Теҳрон

Раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон, ки дар садри ҳайати баландпояи сиёсӣ барои ширкат дар ҳафтоду ҳаштумин маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар карда буд. Чаҳорашанбе шаб ба вақти маҳали ин шаҳрро ба мақсати Теҳрон тарк кард.

Ба гузориши Ирно "Сайид Иброҳими Раисӣ" Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи душанбе ба вақти маҳали барои ширкат дар маҷмаъаи умумии солонаи  Созмони Миллали Муттаҳид вориди фурудгоҳи  Ҷон Оф Кеннедия шуд ва мавриди истиқболи сафир ва дипламадҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифт.

Раисӣ сафари се рӯзаи худро бо ҳузӯр дар маҷмаъи Сардабири аршади расонаҳои амрикоӣ оғоз ва бо нишасти хабари бо хабарнигорони байналмиллалӣ низ поён дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафари се рӯза бо  Антонио Гутерреш Дабри кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва раисони Ҷумҳурии Кроатия, Қазоқистон, Ал-Ҷазира, Қирғизистон, Тоҷикистон, Серилиянка ва нахуствазири Ироқ, Ҷопон ва Малазия ва раиси Федератсияи байналмиллалии футбол (ФИФО) дидор ва гуфтугӯ кард.

Раисӣ ҳамчунин бо ҷамъе аз сардабирон ва хабарнигорони аршади расонаҳои амрикоӣ, андешамендони сиёсати хориҷаи Амрико, аъзои Шӯрои равобити хориҷаи Амрико, аъзои ҳайти уманои ҷомеъаи шиайёни Амрико, раҳбарони адёни Иллоҳи ва эрониёни муқими Амрико дидор ва гуфтугӯ кард ва ба пурсишҳои онон посух дод.

Ширкат дар ҳафтоду шашумин маҷмаъи умумии  солонаи Созмони Миллали Муттаҳид муҳимтарин ва ҳадафи аслии сафари се рӯзаи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ки Раисӣ асри сешанбе ба вақти маҳалӣ дар ин Иҷлос ҳузӯр ёфт ва суханронӣ кард.

Ҳамчунин ширкат дар нишасти хабарӣ бо ҳузури хабарнигорони расонаҳои байналмиллали ахирин барномаи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ки пас аз он маҳали иқомати худро ба сӯи фурудгоҳ ва мақсади Теҳрон тарк кард.

 

 

Барчасп