Сентябр 21, 2023 18:28 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими миллии футболи Эрон дар радабандии ФИФА

Тими миллии футболи Эрон бо роҳёбии якзинаӣ дар радабандии ФИФА дар ҷойгоҳи бисту якуми ҷаҳон ва дувуми Осиё қарор гирифт.

Федерасиюни байналмилалии футбол ( ФИФА ) навтарин радабандии тимҳои миллии ҷаҳонро эълом кард, ки таи он тими Эрон як зина суъуд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи Эрон, ки дар ду дидори дӯстона муқобили Булғористону Ангола ба бартарӣ даст ёфтанд, дар ин радабандӣ бо 1561.26 имтиёз ва як зина суъуд дар ҷойгоҳи бисту якуми ҷаҳон қарор гирифтанд.
Дар бахши беҳтарин тимҳои ҷаҳон Аргентина-қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ҳамчунон дар рутбаи нахуст қарор дорад ва Фаронса ва Бразилия дувум ва сеюм ҳастанд.
Ҷопон бо 1605.2 имтиёз ҳамчунон дар ҷойгоҳи нахусти футболи Осиё истода ва Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Австралия ва Арабистон дар ҷойгоҳҳои дувум то панҷум қарор доранд.
 

 

Барчасп